Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод-пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро бештар ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика ҷалб намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар мебошад ва бе рушди дилхоҳи кор дар ин самт робитаҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангии мо наметавонанд густариши судманд дошта бошанд”.
Баъди муҳокимаи масоили рӯзнома, ки дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ сурат гирифт, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳайатҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, қарор дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ барои ташкили бозори якҷояи асъори хориҷӣ ва созишномаҳо доир ба омодасозии мутахассисони сохторҳои зиддитеррористӣ ва таъмини моддию техникии чунин мақомот аз ҷумлаи санадҳои имзошуда мебошанд.



