Хатлон: Гумонбарии хазинадори «Амонатбонк» ба азхудкунии 1,5 млн. сомонӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати хазинадори филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки ба азхудкунии 1,5 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад, оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷумъаназар Сайдаҳмадов хабар дод, хазинадори филиали бонк Салим Бобоев дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 246 (Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Бино ба маълумоти тафтишот, хазинадор бо истифода аз мансаби хидматӣ тавассути сохтакории ҳуҷҷатҳо 1,5 млн. сомонӣ маблағро азхуд кардааст. Ғайр аз ин, ӯ ба шуъбаи қарздиҳии бонк ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ пешниҳод намуда, ба маблағи умумии 800 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ Бобоев 1,5 млн. сомониро баргардонида, ҳоло 800 ҳазор сомонии ба сифати қарз гирифааш боқӣ мондааст. Суд имрӯз идома меёбад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...