Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷиҳати бастани шабакаҳое аз қабили Фейсбук, Ютуб, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ (дафтари тоҷикии Radio Free Europe) ва дигар сомонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ менамояд.
Дар иттилои интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки қатъи назар аз он ки, баъзе аз сомонаҳои интернетии пештар масдудшуда акнун аз нав дастрас мебошанд, Иттиҳоди Аврупо бо ҳисси изтироб қайд менамояд, ки ин гуна монеаҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд рӯй медиҳанд, ки боиси ба миён омадани саволҳои ҷиддӣ оиди ҳолати озодии васоити ахбори умум мешаванд.
Дар идома гуфта мешавад, намояндагии ИА даъват ба мақомоти расмии Тоҷикистон дорад, то мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ озодии матбуот ва озодии баён риоя ва пешбарӣ карда шаванд.
«Намояндагии ИА боварӣ дорад, ки шабакаи интернет минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст, ки метавонанд назару фикри худро баён доранд, ва бинобар ин мақомоти расмии Точикистонро ба таъмини амали пурра ва бемамониати сомонаҳои мустақил даъват менамояд», – омаддаст дар фарҷоми иттилоия.


