Низоми нави бақайдгирӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавӣ комилан нав карда шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ин робита дар толорҳои хизматрасонии фурудгоҳ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTEULTRADCS)–ро насб карда шуд. «Платформаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар доираи такмили фаъолияти фурудгоҳи Душанбе дар бахши хизматрасонӣ ба мусофирон, қарор шудааст, ки низоми нави автоматии бақайдгирӣ ва таъминоти барномавӣ комилан нав карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ин робита дар толорҳои хизматрасонии фурудгоҳ платформаи КЮТ УЛТРА ДИ СИ ЕС (CUTEULTRADCS)–ро насб карда шуд. «Платформаи мазкур ва  нуқтаҳои нави бақайдгирии муҷаҳҳаз бо техникаи муосир ва пешқадам ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкоридошта имконият медиҳад, ки мусофирони худро тариқи низоми автоматии  хеш ба қайд гиранд», – иброз дошт вай.

Ба қавли М.Шодиев, барои идора намудани системаи нави бақайдгирӣ, ки ҳамакнун насбсозии он ба анҷом расидааст, мутахассисоне заруранд, ки тамомии дастгоҳҳоро идора намуда тавонанд.

«Бо мақсади омода намудани мутахассисон аз ширкати Рапискан муҳандиси коршинос ҷаноби Бену Бинепал даъват шуд ва раванди омӯзиш шурӯъ гардидааст. Алъон панҷ нафар кормандони Хадамоти истифодаи таъминоти радиотехникии алоқа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд», – зикр кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҷаноби Бинепал 63 сола буда, 37 сол таҷрубаи корӣ дорад. Тахассуси муҳандисиро дар Лондон азбар карда, дар 50 кишвари ҷаҳон корбарии системаи мазкурро омӯзонидааст. Дар кишварҳои Туркия,  Сурия, Либия, Қувайт, Дубай, Россия, Мексика ва минтақаи аврупоию ҳинду индонезӣ кор кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.