Машғулиятҳои олими фаронсавӣ оид ба шинохти дастхатҳо

Олими фаронсавӣ Франсис Ришар барои мутахассисони ҷавони Тоҷикистон як давраи мухтасари омӯзишӣ оид ба кодикологияро баргузор мекунад. Кодикология илмест, ки усулҳои – муайян кардани давраи навишт, ҷойи навишт ва коғази дастхатро меомӯзад, то минбаъд барои гурӯҳбандӣ, тармиму нигоҳдорӣ ва омӯзиши арзиши илмиву бадеии дастхат истифода шавад. Аз 11 то 18-уми декабри соли равон таҳти роҳбарии […]

Маҳпора Киромова


Олими фаронсавӣ Франсис Ришар барои мутахассисони ҷавони Тоҷикистон як давраи мухтасари омӯзишӣ оид ба кодикологияро баргузор мекунад.

Кодикология илмест, ки усулҳои – муайян кардани давраи навишт, ҷойи навишт ва коғази дастхатро меомӯзад, то минбаъд барои гурӯҳбандӣ, тармиму нигоҳдорӣ ва омӯзиши арзиши илмиву бадеии дастхат истифода шавад.

Аз 11 то 18-уми декабри соли равон таҳти роҳбарии Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми Тоҷикистон давраи омӯзишии махсуси «Мактаби шарқшиноси ҷавон» доир мегардад.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи омӯзиш ва ҳифзи дастхатҳои пажӯҳишгоҳи мазкур Лола Додхудоева, давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯби барномаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси олимони ҷавони шарқшинос барпо гардида, дар он кормандони пажуҳишгоҳ, мутахассисони донишкадаву муассисаҳои бо дастхатҳо сарукордошта иштирок мекунанд.

Ба қавли вай, тайи 5 соли ахир дар ягон макотиби олии Тоҷикистон, ки шарқшинос ё санъатшинос тайёр мекунанд, кодикология омӯзонида намешавад.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки Франсис Ришар донандаи хеле хуби забони форсӣ буда, забони машғулиятҳо ҳам форсӣ хоҳанд буд.

Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар созмон додани давраҳои омӯзишӣ кӯмаки молӣ хоҳад расонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.