Бухориҳои худсохт ба ду сӯхтор дар Суғд боис шуданд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар натиҷаи истифодаи бухориҳои худсохт ду ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хушбахтона, бидуни талафоти ҷонӣ анҷом пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи 5-уми декабр дар деҳаи Ҷавонии ноҳияи Зафаробод бар асари истифодаи нодурусти бухории худсохт дар манзили сокини маҳаллӣ Абдуқаҳхор Абдураҳмонов […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар натиҷаи истифодаи бухориҳои худсохт ду ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, хушбахтона, бидуни талафоти ҷонӣ анҷом пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи 5-уми декабр дар деҳаи Ҷавонии ноҳияи Зафаробод бар асари истифодаи нодурусти бухории худсохт дар манзили сокини маҳаллӣ Абдуқаҳхор Абдураҳмонов сӯхтор сар зада, ҳаҷми зарари расида 11 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар манзили зисти сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Каримҷон Бобокалонов низ сӯхтор ба амал омада, оташ майдони 140 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Аз оташ боми хона ва дигар лавозимоти рӯзгор нобуд гардида, ҳаҷми зарар 9 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ба ин сӯхтор низ истифодаи нодурусти бухории худсохт сабаб шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.