Кабирӣ: Барои интиқодам аз шаҳрдорӣ тибқи қонун ҷавоб мегӯям

Субҳи имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздид намуда, бо муҳтавои даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбаташ шинос шуд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита гуфт, ӯ ба ваҷҳҳои мақомоти шаҳрдорӣ, ки тавассути додгоҳ ба узрпурсии расмӣ аз […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздид намуда, бо муҳтавои даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбаташ шинос шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита гуфт, ӯ ба ваҷҳҳои мақомоти шаҳрдорӣ, ки тавассути додгоҳ ба узрпурсии расмӣ аз ҷониби ӯ ноил гардиданианд, розӣ нест. «Ман омодаам, ки ба сифати ҷавобгар дар доираи қонунгузории ҷории кишвар барои интиқодам дар назди суд ҷавоб гӯям», – иброз дошт ӯ.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз манфиатҳои ӯ ҳимоятгар Бузургмеҳр Ёров дифоъ хоҳад кард. Мурофиа оид ба баррасии даъвои шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ 11-уми декабр оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, қаблан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Зокир Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки даъвои ҳукумати пойтахт нисбати Муҳиддин Кабирӣ дар доираи Кодекси граждании ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад.

Номбурда таъкид карда буд, ки дар даъвои худ ҳукумати Душанбе талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Қобили зикр аст, ки

суханронии Муҳиддин Кабирӣ

дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.