Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо раиси Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои Туркия (ТОВВ) Рифат Ҳисарҷиклиоглу баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, инчунин ташкил намудани Бизнес-форум ва вохӯриҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои Туркия (ТОВВ) соли 1950 таъсис гардида, дар 81 вилоят ва 160 ноҳия дар намуди палатаҳо ва биржаҳои тиҷоратӣ, саноатӣ ва тиҷорати баҳрӣ 365 аъзо дорад ва дар онҳо 1 млн 400 ҳазор ширкатҳо қайд шудаанд.


