Нобудсозии беш аз 60 кило нашъа дар Суғд

Date:


Ҳафтаи равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 64 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, санаи 6-уми декабр дар оташдонҳои махсуси Раёсати АНМН дар вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи комиссияи махсус ва намояндагони ВАО ҳудуди 64 кило маводи мухаддир, аз ҷумла наздики 10 кило героин, беш аз 12 кило афюн ва ҳамчунин зиёда аз 40 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуд.

«Ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда дар асоси 18 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд содир шуда, мавриди амал қарор гирифтанд, нобуд карда шуд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар оташдонҳои Раёсати АНМН дар вилояти Суғд 173,5 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...