ВКХ: Сохтмони Роғун шаффофу кушода сурат хоҳад гирифт

Зимни суханронӣ дар XIX-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар пойтахти Ираландия шаҳри Дублин баргузор гардид, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки мушкилоти мавҷуда дар масоили захираҳои обиву энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ранги сиёсӣ гирифта, ба рушди ҳамкории минтақавӣ монеъаҳои ҷиддӣ эҷод месозанд. […]

Аваз Юлдошев


Зимни суханронӣ дар XIX-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар пойтахти Ираландия шаҳри Дублин баргузор гардид, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки мушкилоти мавҷуда дар масоили захираҳои обиву энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ранги сиёсӣ гирифта, ба рушди ҳамкории минтақавӣ монеъаҳои ҷиддӣ эҷод месозанд.

«Ин мушкилот моҳиятан иқтисодӣ буда, танҳо ба туфайли кӯшишоти дастаҷамъии тамоми кишварҳои минтақа метавон дар ин самт ба комёбиҳои назаррас муваффақ шуд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намуд, ки дар шароити камбуди шадиди нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва маҳрум будан аз захираҳои кофии нафту газ, Тоҷикистон ба сифати вазифаи афзалиятноки солҳои наздик бештар ба рушди гидроэнергетка таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.

«Лоиҳаҳои миллии гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғун» шаффофу кушода ва бо инобат гирифтани манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа сурат хоҳанд гирифт ва ташаббуси мо бобати даъвати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати анҷом додани ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии лоиҳа гувоҳи ин гуфтаҳост», – гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамрохон Зарифӣ аз САҲА даъват ба амал овард, ки ба муколамаи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати рафъи мушкилоту ихтилофот дар тамоми маҷмӯи масоили истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ мусоидат намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.