Бекор шудани нисфи асноди расмиёти гумрукӣ

Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту илова ба Кодекси гумрукро, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуда буданд, якдилона маъқул шуморид. Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини аввали Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳмматов изҳор дошт, ки аз ин ба баъд ҳуҷҷатҳои расмиёти гумрукӣ ба молу маҳсулот дар кишвар аз 10 то 5 адад […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту илова ба Кодекси гумрукро, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуда буданд, якдилона маъқул шуморид.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини аввали Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳмматов изҳор дошт, ки аз ин ба баъд ҳуҷҷатҳои расмиёти гумрукӣ ба молу маҳсулот дар кишвар аз 10 то 5 адад коҳиш меёбанд. «Коҳиши асноди расмиёти гумрукӣ бешубҳа ба рушди бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд», – гуфт вай.

Раҳматов зикр кард, ки мутобиқи тағйирот шурӯъ аз 1-уми январи соли 2013 тамоми технологияи нави ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар воридшуда пурра аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Ба қавли ӯ, тағйирот ба синнусоли ниҳоии ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук низ дахл дошт. «Акнун кормандони мақомоти гумрук зимни ба нафақа баромадан ба кормандони ВКД ва АНМН-и Тоҷикистон баробар шуда, муҳлати нафақаи кормандони гумруки рутбаи аз сержант то капитан – 50 сол, аз майор то полковник – 55 ва ҳайати генералҳо – 60 сол муқаррар гардид», – таъкид дошт Раҳматов.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.