Анҷоми амалиёти бузургмиқёси мусодираи маводи мухаддир

Амалиёти мушатараки хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар қаламрави марзии ду кишвар доир гардид, муҷиби аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудани бештар аз 420 кило маводи мухаддир шуд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора рӯзи гузашта генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон дар як нишасти […]

ASIA-Plus


Амалиёти мушатараки хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар қаламрави марзии ду кишвар доир гардид, муҷиби аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудани бештар аз 420 кило маводи мухаддир шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин бора рӯзи гузашта генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, ҷонишини вазири корҳои дохилии Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул иттилоъ дод.

Ҷаноби Бозмуҳаммад Аҳмадӣ инро як амалиёти бузургмиқёс ва пурсамаре унвон кард, ки зарфи чанд соли охир дар минтақаи марзӣ анҷом шудааст. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ҷумла гуфт, ки “Мо амалиётро ҳамзамон дар қаламрави ду кишвар бо ҳамоҳангӣ бо якдигар тибқи он созише оғоз кардем, ки бо хадамоти зиддимухаддиротии Тоҷикистон имзо карда будем”.

Бино ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадӣ Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ амалиёти мазкурро як ташаббуси муҳим ва комёбии бузург дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ин ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ кардааст. 

Дар ҷараёни амалиёт 13 қочоқчии мухаддирот боздошт шуданд. Ҳатто иддае аз афроди дастгиршуда ба содир намудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла одамрабоӣ ва тиҷорати инсон низ муттаҳам дониста мешаванд. Аз ҷумла ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон ду зан аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке 25 ва дуюмӣ 22-сола буданд, ошкор гардиданд, ки бо худ ҳеҷ асноди мушаххаскунандаи шахсият надоштанд ва дида мешуд, ки эҳтимолан рабуда шуда буданд. Ин ду тан баъди мушаххас кардани ҳуввият ва ҳолатҳои убурашон аз марзи давлатии ду кишвар ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод супурда шуданд, ки дар наздиктарин фурсат қарор аст истирдод шаванд.

 Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории амалиёт шаш тан аз кормандони пулиси Афғонистон захмӣ шуданд, ки яке аз онҳо аз ҷароҳати сангин дар ҷои ҳодиса ҷон дод.

Ҳамзамон бо ин аз кушта шудани бародари Сафиулло – Файзулло писари Ҳоҷӣ Идрис, ки дар Афғонистгон бо тахаллуси “Сафири Роғӣ” машҳур аст, низ хабар дода мешавад.

Аз мухаддироти мусодирашуда 4 кило героин, 40 кило афюн ва боқӣ 376 кило ҳашиш буд. Ҳамчунин дар доираи ин амалиёт 24 адад автомат ва як пулемёти Калашников, 2 туфангчаи Макаров ва ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.