Даъвати СБМ оид ба муқаррар кардани ҳадди ақали шоистаи музди меҳнат

Date:


Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) аз кишварҳои узви созмон даъват ба амал овард, ки ҳадди ақали музди меҳнатро муқаррар созанд, то ки аз манфиатҳои қишри камбизоат ва кормандони осебпазир ҳимоят карда шавад.

Дар гузориши тозаи СБМ гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши музди меҳнат дар муқоиса ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат ба таври назаррас камтар аст. Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки инро буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сабаб мебошад. Ҳамин тариқ, агар соли 2007 ҳаҷми афзоиши музди меҳнат дар миқёси глобалӣ 3%-ро ташкил дода бошад, пас соли 2011 он ҳамагӣ ба 1,2% баробар шудааст.

«Мо рақами мушаххасеро номбар карда наметавонем, вале музди меҳнати ҳадди ақал бояд даромади шоистаро таъмин карда тавонад, то ки бо он зиндагии мӯътадил имконпазир буда, ҳамзамон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ монеъа эҷод нашавад ва дастрасӣ ба бозори меҳнат маҳдуд нагардад», – иброз доштааст роҳбари созмон Гай Райдер.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми сентябри соли равон ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал Тоҷикистон 2,5 маротиба афзуда, айни замон 200 сомонӣ (тақрибан 42 $)-ро ташкил медиҳад. Пеш аз ин ҳаҷми он ба 50 сомонӣ (10,5$) баробар буд.

Созмони байнулмилалии меҳнат як муассисаи махсуси СММ буда, ба масоили танзими муносибатҳои меҳнатӣ машғул аст. Аз 9 сентябри соли 1993 Тоҷикистон узви ин созмон буда, айни замон 185 кишвари дунё аъзои СБМ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...