Иштироки вазири мудофиа дар ҷаласаи ШВМ ИДМ

Имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа (ШВМ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 11-уми декабр доир мегардад, ба шаҳри Маскав сафар мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ба ҷуз иштирок дар ҷаласаи мазкур, Ш.Хайруллоев ҳамчунин бо чанде аз […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа (ШВМ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 11-уми декабр доир мегардад, ба шаҳри Маскав сафар мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ба ҷуз иштирок дар ҷаласаи мазкур, Ш.Хайруллоев ҳамчунин бо чанде аз ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДм мулоқот хоҳад кард. Дар ин вохӯриҳо баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласаи маскавии ШВМ-и кишварҳои узви ИДМ аз иштироки вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина интизорӣ меравад.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, рӯзномаи ҷаласаи мазкур аз 20 масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ИДМ иборат аст. Гуфта мешавад, вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти кории Шӯро дар соли 2012-ро мавриди таҳлил қарор дода, Нақшаи кори ШВМ барои соли 2013-ро тасдиқ хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.