Ахири ҳафтаи гузашта дар маросими рӯнамои гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки аз рӯи натоиҷи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон аз 7% поинтар хоҳад буд.
Ба қавли вай, дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд. Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.
«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», – изҳор дошт ӯ.
А. Ширинов таъкид кард, ки дар навбати аввал ӯ ба нархҳои нафту гандум ва орд дар кишварҳои содиркунанда бештар таваҷҷуҳ мекунад, зеро соли равон онҳо ноустувор буданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен зикр кард, ки давоми сол мизони таваррум дар кишвар пасттар буда, аммо он ба тағийроти нархҳо ба маводи ғизойӣ дар ҷаҳон хеле ҳассос аст.
«Сатҳи таваррум моҳи июл то 4,5% коҳиш ёфта, айни замон то 6,5% афзуд. Ин ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маводи ғизойӣ вобаста буда, ба яке аз ҳолатҳои осебпазирии Тоҷикистон нисбат ба омилҳои беруна ишора мекунад», – гуфт ӯ.
Тибқи пегӯии навшудаи ХБА, ахири соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6% ва соли 2013 – 8,1%-ро ташкил хоҳад дод. Қаблан ХБА сатҳи таварррум дар Тоҷикистон дар соли равонро 8% пешгӯӣ карда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.


