Аксияи «ҲХДТ дар ҳар як оила»-и «Созандагони Ватан»

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати солгарди таъсиси ҳизб таҳти унвони «ҲХДТ дар ҳар як оила» аксияи умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки ҳадафи аслӣ аз иқдоми мазкур таблиғи афкор ва ҳадафҳои ҲХДТ аст. […]

Аваз Юлдошев


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати солгарди таъсиси ҳизб таҳти унвони «ҲХДТ дар ҳар як оила» аксияи умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки ҳадафи аслӣ аз иқдоми мазкур таблиғи афкор ва ҳадафҳои ҲХДТ аст.

«Дар доираи ин чорабинӣ имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ихтиёрини ҳизб ба аҳолӣ тақвими соли 2013 бо нишони ҳизбро ройгон тақсим хоҳанд кард», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, оғози аксияи «ҲХДТ дар ҳар як оила» дар саросари кишвар нимаи имрӯз дар назар аст.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 175 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.