«Фароз»: Умаралӣ Қувватов ба ширкати мо муносибате надорад

Дар мактуби расмии нашршудаи ҶСП «Фароз» зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватови имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳи зиёди матбуот қарордошта ба ширкати «Фароз» ва сохтори он ҳеҷ муносибате надорад. «Ӯ дар сохторҳои ширкат ҳеҷ мансабе надошту имрӯз ҳам надорад ва аз афроди муассисони он маҳсуб намеёбад, – зикр мегардад дар мактуб. – Ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар ширкат гувоҳи онанд […]

Заррина Эргашева


Дар мактуби расмии нашршудаи ҶСП «Фароз» зикр мегардад, ки Умаралӣ Қувватови имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳи зиёди матбуот қарордошта ба ширкати «Фароз» ва сохтори он ҳеҷ муносибате надорад.

«Ӯ дар сохторҳои ширкат ҳеҷ мансабе надошту имрӯз ҳам надорад ва аз афроди муассисони он маҳсуб намеёбад, – зикр мегардад дар мактуб. – Ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар ширкат гувоҳи онанд ва дар онҳо ному насбати Умаралӣ Қувватов зикр нагардидааст».

Дар мактуб гуфта мешавад, тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи ширкат дар Вазорати адлияву Кумитаи андоз мавҷуданд ва зимни шиносӣ бо онҳо метавон ба гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намуд.

Бо вуҷуди ин, худи Умаралӣ Қувватов дар конфронсҳои матбуотии соли гузашта изҳор карда буд, ки мудири кулли ширкати «Фароз» аст, ки ба транзити маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон машғул мебошад. Он замон ӯ аз тарофаҳои трназитии беҳад баланди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳори норозигӣ карда буд.

Бино ба маълумоти islamnews.tj, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.