Ҷилавгирии қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маснӯоти заргарӣ сокини шаҳри Душанбе Муқаддас Азимоваи 43-сола боздошт шудааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «БМВ Х-6»-и муталлиқ ба ӯ аз дохили сумкаҳои сафарӣ 2 килою 930 грамм маснӯоти заргарии аз тило сохташуда ва 12 килою 10-грамм маснӯоти заргарии аз нуқра сохташуда дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда маснӯоти заргарии мазкурро тариқи қочоқ аз шаҳри Истамбули Туркия тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон ворид намудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...