Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов доир гардид.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, зимни мулоқот масоили роҳандозии ҳузури қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба муҳоҷирон дастрас будани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, аз ҷумла патенти кори қонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин атрофи омодасозии Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҷорӣ кардани сафарбарии муташаккили муҳоҷирони корӣ, масоили бима (суғурта)-и ихтиёрӣ ва бо шаҳодатномаҳои тиббӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик табодули назар сурат гирифт.
Дар ҷараёни суҳбат А.Кузнетсов таъкид намуд, ки шаҳрвандони тоҷике, ки барои фаъолияти меҳнатӣ патент доранд, дар асоси қонунгузории Русия метавонанд тавассути пардохти саривақтии андоз муҳлати будубоши худ дар Русияро то як соли дигар тамдид диҳанд.
Дар навбати худ, А.Одинаев ба ҳамсуҳбати худ оид ба фаъолияти намояндагии хадамоти муҳоҷират дар самти ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, дарёфти воситаҳои қонунигардонии фаъолияти онҳо ва андешидани чораҳо ҷиҳати мутобиқсозии муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия маълумоти муфассал дод.





