Сергей Романов беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2012

Заррина Эргашева


Тибқи назари Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон», директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2012 эътироф гардид.

Зимни супурдани ҷоиза муовини директори ТҶ «Дафтари ҳуқуқи инсон» Таҳмина Ҷураева зикр кард, ки имсол дар ду номинатсияи дигар – «Барои саҳми арзанда дар пешбурди риояи ҳуқуқи инсон» ва «Барои мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» низ мутаносибан ба Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ва хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Рамзия Мирзобекова низ ҷоизаҳо тақдим гардиданд.

«Ҳадафи аслии тақдими ҷоизаҳо ҳавасмандсозӣ ва эътирофи фаъолияти ташкилот ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон буда, мутмаинем, ки имсол ҳам он насиби беҳтаринҳо шуд», – гуфт Ҷураева.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» соли 2009 таъсис дода шуда, то ин замон собиқ сардори шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Юсуф Салимов, ҳомии ҳуқуқ Татяна Хатюхина ва ҳуқуқшиноси Маркази ҳуқуқи инсон ва адвокат Шӯҳрат Қудратов ба ин ҷоиза сарафроз гардонида шудаанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...