ВКД сабаби сӯхтор дар тарабхонаи «Шаббода»-ро таҳқиқ дорад

ASIA-Plus


Сӯхтори нимаи дуюми дирӯз дар тарабхонаи «Шаббода»-и пойтахт сарзада масоҳати 390 метри мураббаъи як қисми биноро фаро гирифта, сабаб ва ҳаҷми хисороти расида аз он мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, нимаи дуввуми дирӯз соати 15:15 дақиқа ба Маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабар расидааст, ки дар тарабхонаи «Шаббода» воқеъ дар кӯчаи «Ҳаёти Нав»-150 шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омадааст. «Баъд аз панҷ дақиқаи расидани хабар ду адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд», – зикр мегардад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ба хомӯш кардани сӯхтор 7 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ, се адад нақлиёти обкашонӣ ва 80 нафар кормандони сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуда, соати 16: 30 дақиқа он ба пуррагӣ хомӯш карда шудаст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...