Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия (муқими Хелсинки) хонум Туула Юрёла баргузор гардид. Сафир хонум Туула Юрёларо дар мулоқот мудири бахши кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Олии Кантана ҳамроҳӣ намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат вазир ба ҷониби Финляндия ҷиҳати ташкил ва баргузории муваффақонаи сафари расмии Президенти кишвар ба Хелсинки моҳи октябри соли равон изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо оид ба тамоюли инкишофёбандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои геология ва таҳкими ҳифзи сарҳадот изҳори қаноатмандӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишварро таъкид намуд. Пешниҳод карда шуд, ки ҷонибҳо барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳо тавассути имзои созмшномаҳое, ки ба танзими робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти минбаъдаи онҳо равона гардидаанд, тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Финляндия Туула Юрёла оид ба тавсеа ва густариши тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони ҳар ду кишвар изҳори ҳамақидагӣ намуданд.
Зимни мулоқот инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, аз қабили вазъият дар минтақа ва Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ аз ин кишвар то охири соли 2014 табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми сӯҳбат вазири корҳои хориҷии кишвар аз номи Ҳукумати мамлакат барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Савдо ба ҷониби Финляндия изҳори сипос намуд.





