Оғози барномаи коҳиши сатҳи тарки мактаби USAID дар Хатлон

ASIA-Plus


Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ифтитоҳи барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагонро дар вилояти Хатлон қайд намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи барнома Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзан Еллиот, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва дигар намояндагони расмии вазорати маориф иштирок намуданд. Маросими ифтитоҳ, ки  дар мактаби рақами 2 ноҳияи Данғара баргузор гардид,  оғози расмии барномаи USAID  оид ба коҳиш додани сатҳи тарки мактаб дар байни хонандагони синфи 9 мебошад. Барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон таърихи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА-ро дар бахши маориф идома медиҳад.

Ёвари муовини вазири корҳои хориҷии ИМА дар чорабинии мазкур қайд намуд: “Хонандае, ки таҳсилашро ба охир мерасонад барои пайдо кардани кор имкониятҳои бештар ва хубтаре дорад. Махсусан духтароне, ки таҳсилашонро хатм мекунанд, ба воя расида оилаи солим, саодатманд ташкил мекунанд ва дар навбати худ ба тамоми ҷомеа фоида мерасонанд”.

Барномаи озмоишии  пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон (БОПТМ) дар ҳамкорӣ бо кормандони вазорати маориф ва мактабҳо таҳия гардид то ки хонандагонро барои идома додани таҳсил дар мактаб ҳавасманд намояд. Дар давоми соли гузашта барнома таҳлили омилҳоеро гузаронид, ки ба тарки мактаб дар синфи 9 таъсир мерасонанд ва барои ҳалли ин омилҳо барномаҳои амалиро дар сатҳи мактабҳо таҳия намуд. Барои муайян намудани самаронокии барнома дар ҷараёни амалӣ гардонидани он барнома  арзёбӣ карда мешавад. Дар ниҳоят барномаи мазкур оид ба стратегияҳои муваффақе, ки барои пешгирии тарки мактаб дар саросари кишвар ва минтақа метавон истифода кард, пешниҳодот таҳия мекунад. 

БОПТМ аз ҷумлаи он кӯмакҳое мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ анҷом дода мешавад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намуд.  

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное