Донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Наврӯза Алиқулова ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи соли 2012» дониста шуд.
Озмун аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ эълон гардида, дар он 45 нафар донишҷӯёни беҳтарини макотиби олии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати умури ҷавононони кумита Носир Бӯриев хабар дод, ба донишҷӯёне, ки се зинаи аввалро ишғол намуданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
«Ғолибон аз рӯи якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла донистани забони давлатӣ, сиёсати ҷавонони кишвар ва технологияҳои муосир муайян карда шуда, Наврӯза Алиқулова мақоми аввал ва зинаҳои дуюму сеюмро панҷ нафар иштирокчиёни дигари озмун касб карданд», – гуфт вай.
Номбурда афзуд, озмун аз соли 2006 оғоз гардида, дастгириву ҷалби донишҷӯён ба такмили дониш, саҳми босазо дар ҳаёти ҷомеа ва беҳбуди сатҳи маърифатнокии онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои озмун маҳсуб меёбад.





