Беш аз 100 тоҷик дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав

Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии №1-и Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав қарор доранд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, чанде қабл корманди хадамот Азиз Халилов аз маркази мазкур боздид намуда, дар мулоқот бо муовини сардори марказ Алексей Смиронв маълум шудааст, ки […]

ASIA-Plus


Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии №1-и Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав қарор доранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, чанде қабл корманди хадамот Азиз Халилов аз маркази мазкур боздид намуда, дар мулоқот бо муовини сардори марказ Алексей Смиронв маълум шудааст, ки айни замон дар инҷо 111 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, аксари онҳо барои нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош дар ин кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

«Корманди хадамот бо шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот орост. Онҳо бо хӯроки севақта дар як рӯз ва ҳаммом дар як ҳафта ду маротиба таъмин мебошанд», – гуфтанд дар намояндагии хадамот.

Гуфта мешавад, А.Смирнов ҷиҳати мусоидат ба ҳарчӣ зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ваъда додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.