Воридоти 125 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистон

Соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекстон 125 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст. «Тибқи гуфтушуниди пешакӣ, дар зарфи […]

Заррина Эргашева


Соли равон Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекстон 125 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, моҳи ноябр каме бештар аз 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи октябр 2 млн. метри мукааб зиёдтар аст.

«Тибқи гуфтушуниди пешакӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гази Ӯзбекистон бояд 133 млн. метри мукаабро ташкил медод, вале бинобар сабаби корҳои таъмир дар лӯлаи интиқоли газ, ҳаҷми зарурӣ ворид нагардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. метри мукааб камтар мебошад.

Дар робита ба воридоти гази табиӣ дар соли оянда дар вазорат изҳор карданд, ки дар ин масъала то ҳанӯз ҳеҷ пешравие ба мушоҳида намерасад ва Тоҷикистон интизори посухи мактуби худ ба ширкати давлатии «Ӯзбекнефтегаз» аст.

Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.