Таҳкими ҳамкориҳои фармарзии мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз дар вохӯрии 35 нафар аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратии ду тарафи сарҳади Тоҷикистон – Қирғизистон мебошанд, масоили такмил додани ҳамкориҳои фаромарзӣ байни деҳоти тарафайн баррасӣ шуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласаи мазкур мақомоти маҳалии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Баткени Қирғизистон натиҷаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар вохӯрии 35 нафар аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратии ду тарафи сарҳади Тоҷикистон – Қирғизистон мебошанд, масоили такмил додани ҳамкориҳои фаромарзӣ байни деҳоти тарафайн баррасӣ шуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласаи мазкур мақомоти маҳалии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Баткени Қирғизистон натиҷаи татбиқшавии нақшаи ҳамкорӣ дар соли 2012-ро муҳокима намуданд ва нақшаи амалиёт дар самти пурзӯр намудани ҳамкориҳои фаромарзироо барои панҷ соли оянда тасдиқ намуданд. Ҳамчунин амалишавии бомуваффақияти нақшаро барои соли ҷорӣ қайд намуданд.

Вохӯрии мазкур ба ширкаткунандагон имкон фароҳам овард, ки масоили мушаххаси рӯзмарраи ҳамкориҳои фаромарзиро муҳокима намоянд.

Санаи 11 декабр, мақомоти маҳалӣ ва мақомоти қудратии вилояти Суғд ва вилояти Баткен дар шаҳри Исфара дар мавзӯи такмил додани ҳамкориҳои фаромарзии байни деҳоти ду кишвари ҳамсоя семинари якрӯза гузарониданд.

Интизорӣ меравад, ки ин ду чорабинии мазкур, ки аз ҷониби барномаи Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ оид ба мусоидат намудан дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКA) дар якҷоягӣ бо барномаи БРСММ “ Рушди комплексии қаламрави вилояти Баткен” баргузор гардидаанд, дар беҳтар намудани ҳамкориҳои фаромарзӣ ва ҳамдигарфаҳмии аҳолии деҳоти маҳалии ҳарду кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ амалӣ мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.