Ирсоли қонун «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» ба таҳияи дубора

Тағйироти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» бо пешниҳоди як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар мавриди интиқоди шадиди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қарор гирифт. Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумон узви Маҷлиси миллӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров дар ин робита изҳор кард, ки дар тағйироти ба қонуни мазкур […]

Аваз Юлдошев


Тағйироти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» бо пешниҳоди як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар мавриди интиқоди шадиди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумон узви Маҷлиси миллӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров дар ин робита изҳор кард, ки дар тағйироти ба қонуни мазкур воридшуда меъёри ягонаи истилоҳоти қонунофарӣ риоя нашуда, ғайр аз ин, тағйироти қабулшуда ба талаботи таҳияи қонун ҷавобгӯ нестанд.

«Вакилони палатаи поёнии парлумон як қатор калимаҳо дар матни қонунро иваз намуда, ба таҳрифи моҳияти он роҳ додаанд ва дар ҳамин ҳол, меъёрҳои забони тоҷикӣ низ ба инобат гирифта нашудаанд», – ишора карда ӯ ба камбудиҳо.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз бо пешниҳоди сарвари давлат судяи Суди олии кишвар Насимҷон Эҳсонов «бинобар вазъи солимӣ» аз мансаб бозхонда шуд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди ссарвари давлат муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шаҳобиддин Зоиров судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.