Мизони таваррум дар 11 моҳ 6,3%-ро ташкил дод

Дар зарфи 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 5,6%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,2% ва тарофаҳои хизматгузорӣ ба миқдори 9,6% зиёд шуданд. Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи октябр мизони таваррум дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,3%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 5,6%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,2% ва тарофаҳои хизматгузорӣ ба миқдори 9,6% зиёд шуданд.

Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки моҳи октябр мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 0,2% баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи гузашта дар маросими рӯнамои гузориши Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки аз рӯи натоиҷи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон аз 7% поинтар хоҳад буд.

Ба қавли вай, дар муқоиса бо пешбиниҳои интизоридошта суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ соли равон камтар шуданд. Аввали соли равон БМТ мизони таваррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро дар сатҳи 10,2% пешгӯӣ карда буд.

«Барои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо мо иқдомоти муайяне, аз ҷумла меъёри бозтамвилро аз 9,80% то 6,50%-и солона поин бурда талабот ба захираҳои ҳатмии бонкҳоро низ ба андозаи 2% коҳиш додем», – изҳор дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон Ари Айзен зикр кард, ки давоми сол мизони таваррум дар кишвар пасттар буда, аммо он ба тағийроти нархҳо ба маводи ғизойӣ дар ҷаҳон хеле ҳассос аст.

«Сатҳи таваррум моҳи июл то 4,5% коҳиш ёфта, айни замон то 6,5% афзуд. Ин ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ ба маводи ғизойӣ вобаста буда, ба яке аз ҳолатҳои осебпазирии Тоҷикистон нисбат ба омилҳои беруна ишора мекунад», – гуфт ӯ.

Тибқи пегӯии навшудаи ХБА, ахири соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6% ва соли 2013 – 8,1%-ро ташкил хоҳад дод. Қаблан ХБА сатҳи таварррум дар Тоҷикистон дар соли равонро 8% пешгӯӣ карда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 6,1% ва аз рӯи натоиҷи соли 2011 – 9,3%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.