Оғози санҷиши фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ

Дар Тоҷикистон санҷиши фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ оғоз гардид. Тӯли ду рӯз мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳамаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт аз мувофиқа гузашта, танҳо […]

Аваз Юлдошев


Дар Тоҷикистон санҷиши фаъолияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ оғоз гардид.

Тӯли ду рӯз мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», мувофиқакунии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ҳамаи имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт аз мувофиқа гузашта, танҳо як нафари онҳо бинобар сабаби беморӣ, имкони дар мувофиқа ҳозир шуданро надошт.

«Дар фурсати наздиктарин имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Роғун ва ноҳияи Рӯдакӣ низ аз мувофиқа хоҳанд гузашт», – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ фаъолияти имомхатибон тӯли соли ҷорӣ, аз қабили аз доираи қонунгузорӣ берун нарафтан ва риояи қоидаҳо аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад. «Суолҳо натанҳо ба таърихи ислому дин, балки ба қонунгузории кишвар ва арзишҳои диниву дунявӣ низ марбутанд», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҳайати комиссияи санҷишӣ уламои Маркази исломӣ, кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва Кумита оид ба корҳои дин шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.