Сафари беш аз 200 ҳазор нафар суғдиён ба хориҷи кишвар

Шурӯъ аз оғози сол 213 ҳазору 110 нафар сокинони вилояти Суғд ба хориҷи кишвар сафар карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти муҳоҷирати назди ҳуқумати ҶТ дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандони сафари кишвари хориҷиро ихтиёркарда 179 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 34 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Раванди […]

Мавлуда Рафиева


Шурӯъ аз оғози сол 213 ҳазору 110 нафар сокинони вилояти Суғд ба хориҷи кишвар сафар карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти муҳоҷирати назди ҳуқумати ҶТ дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова хабар дод, аз шумори умумии шаҳрвандони сафари кишвари хориҷиро ихтиёркарда 179 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 34 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

«Раванди муҳоҷират мунтазам ҷараён дошта, дар ин давра 97 ҳазору 454 нафар сокинони Суғд ба қаламрави вилоят ворид шуданд, ки ҳудуди 79 ҳазор нафарашон мардон ва 18,5 ҳазор нафарашон занон мебошанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар ҳоле, ки сокинон барои дарёфти кор қаламрави вилоятро тарк мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои дигар барои кор ба вилояти Суғд меоянд.

«Аз оғози соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 669 нафар шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби ҷойи корӣ шуданд, ки миёни онҳо 557 нафар шаҳрвандони Чин, 31 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 10 нафар шаҳрвандони Молдова, 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 7 шаҳрванди Эрон, 9 шаҳрванди Қазоқистон, 4 шаҳрванди Украина, 3 нафарӣ шаҳрвандони Русияву ИМА ва Афғонистон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Ҳиндустону Озарбойҷон ва Кореяву Туркия ва 1 нафарӣ шаҳрвандони Австралияву Покистон ва Сурияву Туркманистон ҳузур доранд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.