МОИ Тоҷикистон ҳудуди 80 млн. $ сармоя ҷалб карданианд

Солҳои наздик минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон беш аз 365 млн. сомонӣ (ҳудуди 80 млн. $) сармоя ҷалб карданианд. Дар ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили рушди МОИ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод изҳор кард, ки соли 2011 ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо ҳамагӣ 12 млн. сомонӣ ва дар зарфи […]

Пайрав Чоршанбиев


Солҳои наздик минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон беш аз 365 млн. сомонӣ (ҳудуди 80 млн. $) сармоя ҷалб карданианд.

Дар ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили рушди МОИ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод изҳор кард, ки соли 2011 ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо ҳамагӣ 12 млн. сомонӣ ва дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 20 млн. сомониро ташкил дод.

«Ҷалби сармоягузорон кори як рӯзу ду рӯз нест ва барои ҷалби 1 доллари ИМА дар шакли сармояи хориҷӣ, хароҷоти беш аз 40 доллари ИМА зарур аст, вале мутаассифона, имконоти молиявии кишвари мо маҳдуд ва аксаран танҳо барои ҳалли масоили иҷтимоӣ кифоя аст», – гуфт вай.

Ба қавли муовини вазир, айни замон 8 субъекти МОИ «Суғд», 2 субъекти МОИ «Панҷ» ва 1 субъекти МОИ «Данғара» ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кардаанд. «Соли равон дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 17 млн. сомонӣ (соли гузашта 11 млн. сомонӣ) маҳсулот истеҳсол карда шуд», – иброз дошт вай.

Умеди Давлатзод зикр кард, ки феълан дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 32 субъекти хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» – 20 субъект, дар МОИ «Панҷ» – 7 субъект ва дар МОИ «Данғара» – 5 субъект ба қайд гирифта шудаанд.

«Дар ин минтақаҳо дар баробари роҳандозии истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ, ҳалли мушкилоти шуғли аҳолӣ дар назар буда, мутобиқи нақшаҳои тиҷоратӣ, дар ин манотиқ беш аз 1,6 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешаванд ва айни змаони шумори ҷойҳои нави корӣ ба 360 адад расид», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз соли 2004 дар Тоҷикистон қонун дар бораи минтақаҳои озодӣ ба тасвиб расида буд. Айни замон дар қаламрави кишвар 4 минтақаҳои озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.