Муҷассамаи адиби маъруфи тоҷик дар Киев

Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни суҳбат Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки оид ба мушкилоти умда ҳарду кишвар мавқеъҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни суҳбат Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки оид ба мушкилоти умда ҳарду кишвар мавқеъҳои мушобеҳ дошта, тадриҷан Украина ба қатори кишварҳои пешсафи муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон табдил меёбад ва имзои беш аз 80 шартномаву созишномаҳои байниҳукуматӣ тӯли 20 сол миёни кишварҳо гувоҳи он аст.

Ба қавли вай, зимни баррасии масоили рушди робитаҳои дуҷонибаи фарҳангиву гуманитарӣ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки соли оянда Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон созмон дода шавад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҳамчунин ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши энергетика таваҷҷуҳ зоҳир сохта, изҳор намуд, ки қариб 90%-и таҷҳизоти шабакаҳои энергетикии кишвар дар Украина истеҳсол шудаанд ва омӯзиши масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли ин таҷҳизот дар Тоҷикистон аз манфиат холӣ буда наметавонад», – иброз дошт манбаъ.

Дар навбати худ, дипломати украинӣ ба ҳамсуҳбати худ иттилоъ дод, ки соли оянда ифтитоҳи Хонаи тиҷорати «Душанбе-Киев» дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

«Сафир ҳамчунин таъкид намуд, ки аз дар пойтахти Тоҷикистон мустақар будани муҷассамаи шоири маъруфи Украина Тарас Шевченко ифтихор дорад ва зикр кард, ки Украина низ масъалаи дар шаҳри Киев гузоштани муҷассамаи яке аз адибони маъруфи тоҷикро баррасӣ дорад», – афзуд котиби матбуотии МН МО ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.