Вазири молия: Дар пардохти қарзи хориҷӣ мушкилие надорем

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. $ ё худ 33% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи ниҳоии таносуби он ба 40% баробар аст. Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов имрӯз дар ин бора хабар дода, изҳор намуд, ки тамоми қарзҳои хориҷии кишвар ба Стратегияи идоракунии қарзи хориҷии ҳукумат мутобиқат мекунанд. «Имрӯз дар пардохти қарзи хориҷӣ мо […]

Заррина Эргашева


Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. $ ё худ 33% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи ниҳоии таносуби он ба 40% баробар аст.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов имрӯз дар ин бора хабар дода, изҳор намуд, ки тамоми қарзҳои хориҷии кишвар ба Стратегияи идоракунии қарзи хориҷии ҳукумат мутобиқат мекунанд.

«Имрӯз дар пардохти қарзи хориҷӣ мо ҳеҷ мушкилие надорем. Агар дар хотир дошта бошед, соли 2000 қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД 130%-ро ташкил медод. Имрӯз тамоми ҷадвалу тарҳҳои бо қарздиҳандагон мувофиқашуда риоя мешаванд», – гуфт вай.

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷалби қарзҳои тиҷоратӣ даст кашида, танҳо ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок машғул аст ва аксари лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ дар асоси бурсҳо амалӣ мегарданд.

«Дар масъалаи ҷалби қарзҳо ҳукумати Тоҷикистон асосан ҳамчун кафил ҳузур дорад, то ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ баҳри ҷалби қарз барои рушди кишвар шароит фароҳам оварад. Дар сурати ба таъхир афтодани иҷрои уҳдадориҳо оид ба қарз, онро Вазорати молия пардохт мекунад, вале субъектҳои хоҷагидор қарздорони фаръӣ маҳсуб ёфта, натанҳо дар назди қарздиҳандагон, балки назди Вазорати молия низ уҳдадорӣ мегиранд», – шарҳ дод ӯ.

Ба иттилои вазир, дар буҷети соли 2013 барои пардохти қарзи хориҷӣ 630 млн. сомонӣ (132,2 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд.

Ба таркиби қарзи хориҷии кишвар натанҳо қарзҳои бевоситаи давлат дохил мешаванд, балки қисмати назарраси онро қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидории кишвар низ ташкил медиҳанд, ки қарзҳоро таҳти кафолати давлатӣ ҷалб кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.