Ширкати «Барқи тоҷик» дар як изҳороти худ итттилоъ медиҳад, ки вобаста ба хабари дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳн гардида бобати ба Афғонистон интиқол додани барқ хотиррасон менамояд, ки миқдори барқи ба ин кишвар ҳар шабонарӯз интиқолдода, ки камтар аз 3 фоизи миқдори умумии барқи истеҳсолнамуда дар кишварро ташкил медиҳад ва ин ба таносуби умумии таъминоти барқ барои аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар тақрибан таъсире намерасонад.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки интиқоли ин микдори барқ барои дар зери шиддат нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизот ба хотири ғорат нашудани онҳо ҳатмист.
«Дар фасли тобистон, вақте мо барқи зиёдатӣ дорем ва дар аксари мавридҳо маҷбур мешавем обро беҳуда, яъне берун аз коркарди агрегатҳо, партоем, дар ҳар шабонарӯз ҶИА аз мо то 6 миллион кВт.соат ва аз ин ҳам зиёд барқ мегирад. Мо барои дар фаслҳое, ки мардуми худамон аз барқ танқисӣ мекашад, бо Афғонистон ягон ӯҳдадории барқ доданро ба дӯш надорем», – баён мегардад дар изҳорот.
Дар идома гуфта мешавад, дар ин шабонарӯз мақсади асосии Ширкати «Барқи Тоҷик» пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ дар реҷаи муайяншуда мебошад. Бо ин мақсад интиқоли барқ ба истеъмолкунандагони калони Ширкат, аз ҷумла Заводи алюминии тоҷик, нисбат ба соҳои қаблӣ то 3-4 миллион кВт.соат дар ҳар шабонарӯз кам карда шудааст.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки реҷаи таъмини барқ тавассути телефонҳои навбатдорӣ, ки ахбори онҳо ба роҳбарияти Ширкат расонида мешавад, ҷиддан таҳти назорат қарор дорад.


