Баррасии қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ» дар Шӯрои парлумон

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон […]

ASIA-Plus


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова, ки лоиҳаи қонуни мазкурро муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия шудааст. Ҳамчунин он ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ба иттиллои манбаъ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили рӯзномаро низ баррасӣ намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми масоили матраҳшуда ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Fаффорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амир Катаев, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, вакилони Маҷлиси намояндагон Сабоҳат Муқумова, Рустам Латипов, Насрулло Маҳмудов ва Лутфулло Саидмуродов медалҳои ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи мазкурро тақдим намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.