Мавзуна Чориева беҳтарин варзишгари сол дониста шуд

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли равонро эълон кард. Ба иттилои президенти Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латифов, бо натиҷагирӣ аз назарсанҷии журналистони бахши варзиш дорандаи медолҳои биринҷии Бозиҳои олимпии XXX-юми Лондон ва Чемпиоанти ҷаҳони оид ба бокс дар Чин, ҳамчунин соҳиби медолҳои нуқраи Чемпионати Осиё дар Муғулистон Мавзуна Чоиева варзишгари беҳтарини сол дониста […]

Пайрав Чоршанбиев


Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли равонро эълон кард.

Ба иттилои президенти Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латифов, бо натиҷагирӣ аз назарсанҷии журналистони бахши варзиш дорандаи медолҳои биринҷии Бозиҳои олимпии XXX-юми Лондон ва Чемпиоанти ҷаҳони оид ба бокс дар Чин, ҳамчунин соҳиби медолҳои нуқраи Чемпионати Осиё дар Муғулистон Мавзуна Чоиева варзишгари беҳтарини сол дониста шуд.

Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин варзишгарон Расул Боқиев (дзюдо), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам (гӯштии озод), Акмалиддин Каримов (самбо), Комроншоҳи Устопириён (самбо) ва Алишер Аҳмедов (кикбоксинг) низ шомил гардиданд.

Ба қавли Н.Латифов, назарсанҷӣ бо иштироки беш аз 70 нафар рӯзноманигорони бахши варзиши нашрияҳои гуногун, шабакаҳои телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ сурат гирифт. Зимнан зикр гардид, ки дар пурсишномаҳо журналистон номи 34 варзишгар дар 17 навъи варзишро зикр кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.