«Барқи тоҷик»: Маркази пойтахт бо гармӣ таъмин аст

Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба иттилои қаблан пахшшуда дар бораи ахири сол оғоз шудани интиқоли гармиву оби гарм ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолии пойтахт хабар доданд, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе интиқоли онро аз 12-уми ноябр шурӯъ кардааст. Ба қавли сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, айни замон оби гарм ва гармӣ ба хонаҳо танҳо […]

Меҳрангез Турсунзода


Аз ширкати «Барқи тоҷик» дар робита ба иттилои қаблан пахшшуда дар бораи

ахири сол оғоз шудани

интиқоли гармиву оби гарм ба корхонаву муассисаҳо ва аҳолии пойтахт хабар доданд, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе интиқоли онро аз 12-уми ноябр шурӯъ кардааст.

Ба қавли сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ, айни замон оби гарм ва гармӣ ба хонаҳо танҳо аз дегхонаи шарқӣ интиқол дода шуда, маркази маъмурии пойтахт ва ноҳияву манотиқи ба ин шоҳроҳи лӯла пайваст бо он таъминанд.

Ба гуфтаи вай, дегхонаи ғарбӣ ахири соли равон, тахминан 25-уми декабр ба фаъолият шурӯъ мекунад. «Айни замон Маркази барқу гармидиҳӣ ҳамарӯза 30 МВТ нерӯи барқ ва 204 тонна буғ истеҳсол мекунад. Бо оғози фаъолияти дегхонаҳои ғарбӣ ширкат ба кадом ноҳияву манотиқ интиқол додани оби гарму гармиро хабар хоҳад дод», – афзуд Ёдгорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.