Суғд: Боздошти гумонбар ба қатли табиб

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбар ба қатли табиби бемориҳои занона боздошт шуд. Ин ҷиноят ҳанӯз фасли баҳор содир гардида буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, 17 апрели соли равон тахминан соатҳои 23:30 дақиқа Муҳаббат Мирзоеваи 55-сола, табиб, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов дар манзили зисташ ба […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбар ба қатли табиби бемориҳои занона боздошт шуд. Ин ҷиноят ҳанӯз фасли баҳор содир гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, 17 апрели соли равон тахминан соатҳои 23:30 дақиқа Муҳаббат Мирзоеваи 55-сола, табиб, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов дар манзили зисташ ба қатл расонида шуда, пас аз ин афроди номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 25-солаи ҷамоати Оқтеппаи ноҳияи Спитамен А.Р. боздошт шудааст. «Маводи мавҷуда оид ба ин далел ба парвандаи қаблан бозшуда аз 18-уми апрели соли равон тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) илова шуда, тафтишот идома дорад», – гуфтанд дар раёсат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд