Ташрифи Иосиф Кобзон ба ҷашни Ҷӯрабек Муродов

Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад. Аз Маскав Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон, сароянда ва оҳангсоз Юрий Антонов, Ҳунарпешаи халқии Русия Александр Серов ва ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик омаданд. Субҳи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс» бо иштироки Ҷӯрабек Муродов барнома […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад.

Аз Маскав Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон, сароянда ва оҳангсоз Юрий Антонов, Ҳунарпешаи халқии Русия Александр Серов ва ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик омаданд.

Субҳи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс» бо иштироки Ҷӯрабек Муродов барнома баргузор мешавад. Ҳамчунин аз меҳмонии сарояндаи маъруфи Русия Иосиф Кобзон дар радио низ интизорӣ меравад.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли  1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Овозхон, мутриб ва  оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ (1979). Соли 1962 Институти давлатии  омўзгории шаҳри  Ленинобод (Хуҷанди имрўза)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963  солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Ҷӯрабек Муродов ҳунари мутрибӣ ва  овозхониро дар овони хурдсолӣ аз  волидайн  ва бародараш, баъдтар аз мероси ғании овозхонҳои машҳури кишвар Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки ҳам дар сабки мусиқии классикӣ, ҳам сурудҳои мардумӣ ва инчунин таронаҳои муосир қуввасанҷӣ намуда комёб ҳам шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд