«Барқи тоҷик»: Ба Афғонистон камтар аз 3%-и ҳаҷми умумии барқ интиқол мегардад

Ширкати «Барқи тоҷик» дар як изҳороти худ итттилоъ медиҳад, ки вобаста ба хабари дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳн гардида бобати ба Афғонистон интиқол додани барқ хотиррасон менамояд, ки миқдори барқи ба ин кишвар ҳар шабонарӯз интиқолдода, ки камтар аз 3 фоизи миқдори умумии барқи истеҳсолнамуда дар кишварро ташкил медиҳад ва ин ба таносуби умумии […]

ASIA-Plus


Ширкати «Барқи тоҷик» дар як изҳороти худ итттилоъ медиҳад, ки вобаста ба хабари дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳн гардида бобати ба Афғонистон интиқол додани барқ хотиррасон менамояд, ки миқдори барқи ба ин кишвар ҳар шабонарӯз интиқолдода, ки камтар аз 3 фоизи миқдори умумии барқи истеҳсолнамуда дар кишварро ташкил медиҳад ва ин ба таносуби умумии таъминоти барқ барои аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар тақрибан таъсире намерасонад.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки интиқоли ин микдори барқ барои дар зери шиддат нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизот ба хотири ғорат нашудани онҳо  ҳатмист.

«Дар фасли тобистон, вақте мо барқи зиёдатӣ дорем ва дар аксари мавридҳо маҷбур мешавем обро беҳуда, яъне берун аз коркарди агрегатҳо, партоем, дар ҳар шабонарӯз ҶИА аз мо то 6 миллион кВт.соат ва аз ин ҳам зиёд барқ мегирад. Мо барои дар фаслҳое, ки мардуми худамон аз барқ танқисӣ мекашад, бо Афғонистон ягон ӯҳдадории барқ доданро ба дӯш надорем», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, дар ин шабонарӯз мақсади асосии Ширкати «Барқи Тоҷик» пеш аз ҳама таъмини аҳолӣ дар реҷаи муайяншуда мебошад. Бо ин мақсад интиқоли барқ ба истеъмолкунандагони калони Ширкат, аз ҷумла Заводи алюминии тоҷик, нисбат ба соҳои қаблӣ то 3-4 миллион кВт.соат дар ҳар шабонарӯз кам карда шудааст.

Ҳамчунин таъкид мегардад, ки реҷаи таъмини барқ тавассути телефонҳои навбатдорӣ, ки ахбори онҳо ба роҳбарияти Ширкат расонида мешавад, ҷиддан таҳти назорат қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд