Ташрифи Иосиф Кобзон ба ҷашни Ҷӯрабек Муродов

Date:


Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад.

Аз Маскав Ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон, сароянда ва оҳангсоз Юрий Антонов, Ҳунарпешаи халқии Русия Александр Серов ва ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик омаданд.

Субҳи имрӯз дар радиои «Азия-Плюс» бо иштироки Ҷӯрабек Муродов барнома баргузор мешавад. Ҳамчунин аз меҳмонии сарояндаи маъруфи Русия Иосиф Кобзон дар радио низ интизорӣ меравад.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли  1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Овозхон, мутриб ва  оҳангсози тоҷик (тенори лирикӣ), Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ (1979). Соли 1962 Институти давлатии  омўзгории шаҳри  Ленинобод (Хуҷанди имрўза)-ро хатм кардааст. Аз соли 1963  солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Ҷӯрабек Муродов ҳунари мутрибӣ ва  овозхониро дар овони хурдсолӣ аз  волидайн  ва бародараш, баъдтар аз мероси ғании овозхонҳои машҳури кишвар Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷўраев ва Боймуҳаммад Ниёзов баҳра бурдааст. Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки ҳам дар сабки мусиқии классикӣ, ҳам сурудҳои мардумӣ ва инчунин таронаҳои муосир қуввасанҷӣ намуда комёб ҳам шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related