Маблағи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «Сангтӯда-1» ба 308,5 млн. сомонӣ (64,5 млн. $) расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Сангтӯда-1» хабар доданд, тайи соли ҷорӣ истифодаи нерӯи барқ аз ин ҷамъият 1,6 млрд. кВт/соатро ташкил додааст. «Аз маблағи умумии барқи истифодашуда ширкати «Барқи тоҷик» дар зарфи 11 моҳ ҳамагӣ 41%-маблағро пардохт намуд», – гуфтанд дар ҷамъият.
Хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» барои тавзеҳи масъала дастнорас буд, аммо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намуданд, ки ҳукумат ба пардохти қарзҳои истифодаи барқи ин нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» кафолат додааст.
Дар ин вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Сангтӯда-1» ҷадвали пардохти қарзҳоро таҳия намуда, ширкати Тоҷикистон уҳдадориҳои худро ба иҷро мерасонад ва ҷадвали соли оянда низ дар ҳоли омода шудан аст, аммо ба саволи пурра ҳисоббаробарӣ бо ҶСК «Сангтӯда-1» посух гуфта натавонистанд.
«Ҳамааш ба воридоти маблағҳои пулӣ аз истеъмолгарон вобаста аст, ки назди ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағҳои зиёд қарздор буда, онро саривақт пардохт намекунанд», – иброз доштанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти ҶСК «Сангтӯда-1», аз замони оғози фаъолияти нерӯгоҳ дар соли 2008 ба ҷониби Тоҷикистон ба маблағи 706 млн. сомонӣ 8,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.


