Қабули лоиҳаи қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила

Имрӯз намояндагони мардумӣ ба тасдиқи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» якдилона овоз доданд. Зимни шарҳи қонуни мазкур яке аз муаллифони он, вакили парлумон Насрулло Маҳмудов қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои зӯроварӣ дар оила ҷазои ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст, вале қонунгузории кишвар ба ҳодисаҳои хушунат дар оила таваҷҷуҳ зоҳир намекард. […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз намояндагони мардумӣ ба тасдиқи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» якдилона овоз доданд.

Зимни шарҳи қонуни мазкур яке аз муаллифони он, вакили парлумон Насрулло Маҳмудов қайд кард, ки дар Тоҷикистон барои зӯроварӣ дар оила ҷазои ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст, вале қонунгузории кишвар ба ҳодисаҳои хушунат дар оила таваҷҷуҳ зоҳир намекард.

Бино ба иттилои вакил, тибқи маълумоти оморӣ соли 2011 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,4 ҳазор ақди никоҳ бекор шуда, дар зарфи 11 моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба 5,6 ҳазор адад расидааст.

«Бешубҳа, яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеаи мо мавҷуд будани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар ин оилаҳо мебошад», – зикр кард ӯ.

Дар идома номбурда изҳор кард, ки соли ҷорӣ беш аз 32 ҳазор нафар шаҳрвандон ба 29 маркази буҳронии дар манотиқи кишвар фаъолиятдошта муроҷиат намуда, аз ин шумор 35%-ашон маҳз аз ҷой доштани хушунат дар оила шикоят овардаанд.

Намояндаи мардумӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз таҷрибаи Индонезия, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова истифода шудааст. «Ҳимоят аз манфиатҳои оила аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии қонун ба шумор рафта, дар он ҳамчунин воситаҳои расонидани кӯмакҳои ҳуқуқиву тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагон аз хушунат муайян карда шудаанд», – афзуд Н.Маҳмудов.

Бино ба маълумоти муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов, танҳо соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милиса 55 далели истифодаи зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудааст.

Вакили парлумон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки қабули қонуни мазкур барои кишвар хеле муҳим аст, вале зимни баррасии масъалаи хушунат дар оила мебояд менталитет ва расму оини мардумро ба инобат гирифт. «Ба эътиқоди комили ман, барои ҷазои ночизе ба фарзанд набояд волидайн аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд», – гуфт ӯ.

Ш.Шабдолов таъкид кард, ки дар ин масъала набояд ҳамаи тавсияҳои «аз шарикони ғарбӣ ба Тоҷикистон воридшаванда» ба инобат гирифта шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.