Пешниҳоди раиси ҲУСДТ оид ба таъсиси комиссияи тафтишоти далелҳои шиканҷа

Раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров таъсиси комиссия оид ба мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ дар мавриди истифодаи амалҳои ғайиқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа нисбат ба ма ҳ бусонро пешниҳод мекунад. Раиси ҲУСДТ ин ташаббуси худро бо он маънидод мекунад, ки ахиран дар ВАО маълумот оид ба шиканҷаву лату кӯб бо такя ба худи маҳбусон ё […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров таъсиси комиссия оид ба мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ дар мавриди истифодаи амалҳои ғайиқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа нисбат ба ма

ҳ

бусонро пешниҳод мекунад.

Раиси ҲУСДТ ин ташаббуси худро бо он маънидод мекунад, ки ахиран дар ВАО маълумот оид ба шиканҷаву лату кӯб бо такя ба худи маҳбусон ё наздикони онҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. «Наздикони маҳбуси ҳалокшуда Ҳамза Икромзода ва ҳамчунин волидайни ноболиғоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, ба дафтари ҳизб низ дар ин хусус шикоят овардаанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар вазъи мавҷуд набудани дастрасии мустақими ҷомеа ба муассисаҳои ислоҳӣ, дар бораи истифодаи шиканҷа бо такя ба маълумот аз зиндон ва наворҳои аз онҷо бардошташуда ҳарф задан душвор аст. «Аз ин рӯ, ман таъсиси комиссияеро тақозо дорам, ки ба ҳайати он натанҳо кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо, балки вакилону намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ВАО низ шомил хоҳанд шуд ва ба унвони палатаи поёнии парлумону КДАМ ман дар ин бора аллакай мактуби дахлдор равона кардам», – иброз дошт номбурда.

Раҳматилло Зойиров ҳамчунин бар ин назар аст, ки сарварии низоми иҷрои ҷазо бояд ба дӯши шаҳрванди мулкӣ – ҳимоятгар ё ҳомии ҳуқуқ вогузор гардад, ки аз ҷаҳонбинии башардӯстона бархӯрдор буда, аз уҳдаи баргузор намудани ислоҳот дар ин сохтор баромада тавонад. Дар робита ба ин, раиси ҲУСДТ аз мансаб сабукдӯш намудани Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро пешниҳод мекунад.

«Иззатулло Шаприфов муддати зиёдест дар бораи дастовардҳои муассисааш ҳарф задаву мавҷуд будани шиканҷаро инкор мекунад, вале тамоми гуфтаҳои ӯ бо далелҳо рад карда мешаванд. Ӯро аз ин мансаб барканор намуда, дигар ба ин вазифа низомиён ё намояндагони сохторҳои қудратироро таъин кардан лозим нест. Агар ба ин курсӣ боз генерали навбатӣ биншинад, ӯ низ бечуну чаро супориши болоро иҷро карда, аз ислоҳоти воқеӣ рӯ метобад», – афзуд Р.Зойиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.