Тақдими беш аз 430 нусха китоб ба Китобхонаи миллӣ

Имрӯз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 437 нусха китобҳои гуногунро ба маблағи умумии беш аз 37 ҳазор сомонӣ сомонӣ туҳфа кард. Тавре аз Шуъбаи ташкилоти мазкур хабар доданд, дар миёни китобҳои туҳфашуда асарҳои адибони машҳури ҷаҳон ба мисли Э. Хеменгуэй – «Алвидоъ силоҳ», «Колоннаи панҷум», […]

ASIA-Plus


Имрӯз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 437 нусха китобҳои гуногунро ба маблағи умумии беш аз 37 ҳазор сомонӣ сомонӣ туҳфа кард.

Тавре аз Шуъбаи ташкилоти мазкур хабар доданд, дар миёни китобҳои туҳфашуда асарҳои адибони машҳури ҷаҳон ба мисли Э. Хеменгуэй – «Алвидоъ силоҳ», «Колоннаи панҷум», «Мӯйсафед ва баҳр», Ҷек Лондон – «Мартин Иден», Л. Н. Толстой – «Ҷанг ва сулҳ», Теодор Драйзер – «Фоҷиаи америкоӣ», Вилям Шекспир «Фоҷиаҳо», М. Горкий – «Модар», М. А. Шолохов – «Дони ором», С. Айнӣ – «Ғуломон» ҳастанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба Китобхонаи миллӣ китобҳо оид ба санъат, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон туҳфа карда шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки китобҳои мазкур аз маҷмӯаи ашхоси алоҳида харидорӣ шудаанд ва дар ҳолати хуб қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.