Тасдиқи лоиҳаи қонун «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

Имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумон, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев изҳор намуд, ки ин қонун дар масъалаи нархгузории одилона дар бахши савдо ва хизматгузорӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад. Ба қавли вай, қонуни мазкур бо супориши сарвари давлат […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумон, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев изҳор намуд, ки ин қонун дар масъалаи нархгузории одилона дар бахши савдо ва хизматгузорӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Ба қавли вай, қонуни мазкур бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳукумат таҳия гардида, ҳимояи манфиатҳои истеъмолгарон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии он маҳсуб меёбад, зеро тамоми шаҳрвандони кишвар ҳамарӯза ба муассисаҳои савдову хизматгузории маишӣ муроҷиат мекунанд.

«Дар қонун ҳамчунин риояи меъёрҳои бехатарӣ ва таъмини шароитҳои санитарӣ дар фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ пешбинӣ шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи вакили парлумон Шарофиддин Сироҷев, лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қароргирифта ба масъалаи дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба бахши савдо ва хизматгузории маишӣ хотима мебахшад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонуни мазкурро бидуни баррасӣ якдилона маъқул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.