Эълони туҳфаи беҳтарини сол барои сайёҳон

Дар Душанбе туҳфаи беҳтарини соли равон барои сайёҳон муайян карда мешавад. Муаллифони 9 адад маснӯот аз рӯи натоиҷи озмун миёни косибони Тоҷикистон интихоб карда шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санаи 21-уми декабр ғолибони се ҷойи аввал бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 […]

Маҳпора Киромова


Дар Душанбе туҳфаи беҳтарини соли равон барои сайёҳон муайян карда мешавад. Муаллифони 9 адад маснӯот аз рӯи натоиҷи озмун миёни косибони Тоҷикистон интихоб карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, санаи 21-уми декабр ғолибони се ҷойи аввал бо диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 2 ҳазору 500 сомонӣ сарфароз карда мешаванд.

«Аз маҳсулоти 75 нафар иштирокчиёни ярмаркаи косибони Тоҷикистон, ки аввали моҳи декабр дар Маркази исмоилиёни пойтахт доир гардид, комиссия 9 адад маснӯоти беҳтаринро интихоб намуд, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ буда, хушсифату арзон ва симои миллӣ, таърих, фарҳанг ва табиати Тоҷикистонро таҷассум месозанд», – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, соли равон ба рӯйхати туҳфаҳои беҳтарини сол гарданбанди нуқра, тоқӣ, ҷуробҳои помирӣ, шамъдон ва дигар маснӯот шомил гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 созмон дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.