Истиқболи СММ аз қабули қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила

Date:


Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александ Зуев аз номи тамоми ниҳодҳои муддати ду даҳсола дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи СММ аз

қабули қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»

дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.

«Ин қадами муҳимест, ки ҷонибдории Тоҷикистон ба усулҳои демократӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва ҳимояти гурӯҳи осебпазири аҳолиро таҷассум месозад», – баён мегардад дар изҳороти имрӯз пахшшудаи А.Зуев.

Ҳамоҳангсози доимии СММ изҳори боварӣ намудааст, ки бо қабули қонуни мазкур механизми пурсамари пешгирӣ, бартарафсозӣ ва ҳамчунин мубориза алайҳи оқибатҳои хушунат дар оила пайдо шуда, ба ҳамоҳангсозии кӯшишҳои вазорату идора, ТҒД, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар роҳандозии тарзи доимии ҳалли ин мушкилот шароит фароҳам меоварад.

«Қабули ин қонун бахусус барои сохторҳои СММ дар Тоҷикистон муҳим аст, зеро дар таҳияву баррасии он ниҳодҳои СММ саҳми босазо гузошта, кӯмаки назарраси техникӣ расониданд», – омадааст дар изҳорот.

А.Зуев зикр кардааст, ки сохторҳои СММ минбаъд низ ба Тоҷикистон дар беҳбуди вазъ дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо қонуншиканиҳо, аз ҷумла иҷро ва мониторинги қонуни мазкур, гирдоварии маълумоти зарурии оморӣ,  тақвияти имконоти давлат дар пешгирӣ ва посух ба мушкилоти зӯроварӣ кӯмаки худро дареғ нахоҳанд дошт.

«Мутмаинам, ки қабул ва амалисозии минбаъдаи қонуни мазкур иҷрои шоистаи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон буда, зимни баррасии ҳисоботи Тоҷикистон ба Кумита оид ба барҳам додани поймолкунии ҳуқуқи занон дар соли 2013 арзанда арзёбӣ хоҳанд шуд», – зикр кардааст Зуев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...