Истиқболи СММ аз қабули қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александ Зуев аз номи тамоми ниҳодҳои муддати ду даҳсола дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи СММ аз қабули қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар Тоҷикистон истиқбол мекунад. «Ин қадами муҳимест, ки ҷонибдории Тоҷикистон ба усулҳои демократӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва ҳимояти гурӯҳи осебпазири аҳолиро таҷассум месозад», – баён мегардад дар изҳороти […]

ASIA-Plus


Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александ Зуев аз номи тамоми ниҳодҳои муддати ду даҳсола дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи СММ аз

қабули қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»

дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.

«Ин қадами муҳимест, ки ҷонибдории Тоҷикистон ба усулҳои демократӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва ҳимояти гурӯҳи осебпазири аҳолиро таҷассум месозад», – баён мегардад дар изҳороти имрӯз пахшшудаи А.Зуев.

Ҳамоҳангсози доимии СММ изҳори боварӣ намудааст, ки бо қабули қонуни мазкур механизми пурсамари пешгирӣ, бартарафсозӣ ва ҳамчунин мубориза алайҳи оқибатҳои хушунат дар оила пайдо шуда, ба ҳамоҳангсозии кӯшишҳои вазорату идора, ТҒД, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар роҳандозии тарзи доимии ҳалли ин мушкилот шароит фароҳам меоварад.

«Қабули ин қонун бахусус барои сохторҳои СММ дар Тоҷикистон муҳим аст, зеро дар таҳияву баррасии он ниҳодҳои СММ саҳми босазо гузошта, кӯмаки назарраси техникӣ расониданд», – омадааст дар изҳорот.

А.Зуев зикр кардааст, ки сохторҳои СММ минбаъд низ ба Тоҷикистон дар беҳбуди вазъ дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо қонуншиканиҳо, аз ҷумла иҷро ва мониторинги қонуни мазкур, гирдоварии маълумоти зарурии оморӣ,  тақвияти имконоти давлат дар пешгирӣ ва посух ба мушкилоти зӯроварӣ кӯмаки худро дареғ нахоҳанд дошт.

«Мутмаинам, ки қабул ва амалисозии минбаъдаи қонуни мазкур иҷрои шоистаи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон буда, зимни баррасии ҳисоботи Тоҷикистон ба Кумита оид ба барҳам додани поймолкунии ҳуқуқи занон дар соли 2013 арзанда арзёбӣ хоҳанд шуд», – зикр кардааст Зуев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.